РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Раиси ВМКБ ва Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон аз рафти корҳои сохтмонии хонаҳо барои сокинони аз офати табиӣ зарардида дар ноҳияи Роштқалъа дидан намуданд

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ ва Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Насруллоҳ Раҳматҷон аз рафти корҳои сохтмонии хонаҳои истиқоматӣ барои сокинони аз офати табиӣ зарардида дар деҳаи Анҷини ноҳияи Роштқалъа дидан намуданд. Дар ин бора аз МИҲД-и ВМКБ хабар доданд.

Зимни боздид аз рафти корҳои сохтмонӣ дар хонаҳои истиқоматӣ, барои сокинон аз офати табиӣ зарардида Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ ва Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Насрулло Раҳматҷон бо масъулин ва сохтмончиён суҳбат ороста, ҷиҳати дар муҳлатҳои муаяйнгардида ва бо сифати баланд сохтани хонаҳо дастуру супоришҳои иловагӣ доданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram