РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

ММТ: даври иловагии имтиҳонҳо баргузор шуд

2-уми июли соли ҷорӣ барои шахсоне, ки дар марҳалаи иловагии бақайдгирӣ (аз 10‑ум то 30‑юми июн) барои иштирок дар ИМД номнавис шуда буданд ва довталабоне, ки дар даври асосии қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ – синфи 11-ум) ё қисми Б (имтиҳон дар заминаи умумии асосӣ – синфи 9-ум) иштирок карда натавониста, барои супоридани имтиҳони дахлдор дар даври иловагӣ ба Марказ ариза пешниҳод намудаанд, даври иловагии имтиҳонҳо баргузор шуд. Дар ин бора аз Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Даври иловагии имтиҳонҳо барои ҳар ду қисм – А ва Б дар як рӯз – 12-уми июл, дар 14 маркази имтиҳонии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб баргузор гашт.

Барои ташкил, баргузорӣ ва идораи даври иловагии имтиҳонҳо 316 корманди муваққатии дар асоси озмун интихобгардида, ки бо онҳо шартномаи меҳнатӣ баста шудааст, ҷалб карда шудаанд. Бо мақсади назорат ва ёрии амалӣ расонидан дар омода кардани марказҳои имтиҳонӣ, назорати раванди имтиҳонҳо ва мониторинги он, инчунин барои чораандешӣ дар сурати рух додани мушкилот намояндагони ваколатдори Марказ ба марказҳои имтиҳонӣ равона карда шудаанд. Мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини шаффофият ва назорати раванди имтиҳонҳо дар ҳар маркази имтиҳонӣ комиссияи ҷамъиятӣ фаъолият мекунад, ки ҳайати онро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ё ноҳияе, ки дар ҳудуди он маркази имтиҳонӣ амал мекунад, муайян ва тасдиқ кардааст.

Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола пахши раванди имтиҳонҳо аз марказҳои имтиҳонӣ дар ҳолати бархат (онлайн) тавассути камераҳои назоратӣ ба роҳ монда мешавад.

Эълони натиҷаҳои имтиҳонҳо 20‑уми июли соли 2023 ба нақша гирифта шудааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram