РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Корвони “ Модарони ваҳдатсаро” сафари худро дар Панҷакент аз зиёрати оромгоҳи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ оғоз намуданд

Ҳайати “ Модарони ваҳдатсаро” боздид аз шаҳри Панҷакентро аз зиёрати оромгоҳи саромади адабиёти классикии форсу тоҷик, устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар деҳаи Панҷруд оғоз намуданд. Дар ин бора аз МИҲД-и шаҳри Панҷакент хабар доданд.

Меҳмононро муовини раиси шаҳр Парвина Нақибӣ ва фаъолзанони шаҳр пазироӣ ва ҳамроҳӣ карданд карданд. Бонувони барӯманди кишвар дар Ҷамоатҳои деҳоти Рӯдакӣ, Лоиқ Шералӣ, Саразм бо занон мулоқот намуда, дар бораи сиёсати давлати занон, дастгирию ғамхориҳо нисбат ба онҳо , нақши бонувон дар пойдории сулҳу салоҳ, ваҳдату ягонагӣ, тарбияи насли солиму огоҳ сухан карданд.

Дар мулоқоту сӯҳбат бо ҳайати шахсии қисми ҳарбии Қушунҳои сарҳадии Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақар дар шаҳри Панҷакент онҳоро ба хидмати содиқона ба Ватан даъват намуданд. Дар ин сафар онҳо ҳамсари адиби номвари кишвар Файзулло Ансориро, ки ба синни мубораки 98 расидааст аёдат намуданд.

Боздиди корвони “Модарони ваҳдатсаро” аз шаҳри Панҷакент бо баргузории маҳфили “Шоми дӯстӣ”, ки аз барномаи рангини фарҳангӣ — ҳунарӣ иборат буд, интиҳо ёфт.

Корвони “Модарони ваҳдатсаро” аз ҳама шаҳру навоҳии вилояти Суғд боздид менамояд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram