15-16 июли соли 2023 сафари расмии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба Туркманистон баргузор шуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар рафти он боздид роҳбари ниҳоди сиёсати хориҷии Тоҷикистонро Президенти Туркманистон ба ҳузур пазируфт. С.Муҳриддин паёму таманниёти неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Туркманистон муҳтарам Сардор Бердимуҳаммедов расонид. Қайд гардид, ки ба шарофати иродаи сиёсии сарони ду давлат ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон бемайлон рушд намуда, соли ҷорӣ ба сатҳи нави “шарикии амиқи стартегӣ” бароварда шуд.
С. Муҳриддин дар Ашқобод ҳамчунин бо вазири корҳои хориҷии Туркманистон Р. Мередов музокирот анҷом дод, ки зимни он масъалаҳои муҳимми муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва ғайра баррасӣ гардида, роҷеъ ба ҳамкории ду кишвар дар доираи СММ, ИДМ, ФБНА ва дигар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт. Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва вазъи Афғонистон ибрози назар карданд.
Зимни музокирот таваҷҷуҳи вежа ба харитаи роҳ оид ба татбиқи натиҷаҳои сафари давлатии Президенти Туркманистон ба Тоҷикистон дар нимаи аввали моҳи майи соли 2023 зоҳир гардид.
Вазирон ҳамчунин масъалаҳои омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникиро, ки баргузории он тирамоҳи соли ҷорӣ дар ш. Душанбе дар назар аст, баррасӣ намуда, азму иродаи ҳарду ҷонибро баҳри афзоиш додани ҳаҷми савдои дуҷониба дар солҳои наздик тасдиқ намуданд.
Роҳбарони ниҳодҳои сиёсати хориҷии ду давлат масоили тайёрӣ ба Вохӯрии ҷашнии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Аралро, ки қарор аст 14-15 сентябр дар Душанбе баргузор шаванд, муфассал баррасӣ карданд. Дар ин замина изҳори боварӣ гардид, ки саммитҳои дарпешистодаи Душанбе раванди рушди ҳамкориҳои минтақавиро сифатан мукаммал хоҳанд кард.
Натиҷаҳои сафари расмӣ моҳияти воқеан стратегии муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистонро таъйид намуданд.