РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар истироҳатгоҳҳои тобистонаи ВМКБ чорабиниҳои профилактикии милитсия гузаронида шуд

Бо мақсади баргузории чорабиниҳои профилактикӣ, назорат ва огаҳӣ ёфтан аз фаъолияти истироҳатгоҳҳои тобистона, ки ҳангоми таътил наврасону хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба истироҳату фароғат ҷалб карда шудаанд, кормандони Хадамоти огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони мақомоти милитсияи вилоят ба ин гуна муассисаҳо рафта, як қатор сўҳбату вохўриҳо ва мулоқоту чорабиниҳои маърифатӣ доир намуда истодаанд. Дар ин бора аз Раёсати ВКД дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд.

Мақсади чунин сафарбарнамои пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохўш ва дигар кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ бо иштироки ноболиғон аст.

Бояд гуфт, ки дар баробари бохабар гаштан аз шароити буду боши истироҳаткунандагон роҳнамоии ин қишри ояндасози ҷомеа ба кору пайкори шоиста ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву сиёсии онҳо ҳангоми таътил аз ҳадафҳои меҳварии фаъолияти милитсия маҳсуб меёбад.

Истироҳатгоҳи кўдакону наврасон бо номи «Саодат» дар ҷамоати деҳоти Поршиневи ноҳияи Шуғнон аз мавзеъҳои хушбоду ҳавои фароғатиест, ки ҳамасола гурўҳи зиёди истироҳаткунандагонро дар се марҳила бо фарогирии то 300 нафар қабул ва парасторӣ менамояд. Зимни боздид аз истироҳатгоҳ кормандони Хадамоти огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони Раёсати ВКД дар ВМКБ бо доираи васеъи наврасон вохўрӣ намуда, дар мавзўъҳои ватандўстӣ, пешгирӣ аз кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, такмили донишҳои ҳуқуқӣ, одобу рафтори ҳамида дар муносибатҳои ҷамъиятӣ ва паҳлўҳои дигари ҳаёту фаъолияти ноболиғон сўҳбат намудаанд. Ҳамчунин, ҷараёни таътил ва вақтгузаронии истироҳаткунандагон санҷида шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram