РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Фаъолияти ташкилоти «Pamir Daily News» дар ҳудуди ҷумҳурӣ манъ гардид

Бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 июни соли 2023 аризаи даъвогии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати ҳимояи асосҳои сохти конститутсионӣ, амният ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ карда шуда, ташкилоти «Памир дейли нюс»   («Pamir Daily News»)  ё  «Памир нюс» (“Pamir News») ташкилоти экстремистӣ эътироф гардида, фаъолияташ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуд.  Дар ин бора сомонаи расмии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҳамзамон фаъолияти сомонаҳои интернетии ташкилоти мазкур дар ҳудуди мамлакат манъ гардидааст.

Ба маълумоти шаҳрвандон расонида мешавад, ки дар ҳар шакл ҳамкорӣ намудан бо ин ташкилоти экстремистӣ ва роҳбарону аъзояш ғайриқонунӣ буда, анҷом додани амалҳои мушаххас ба манфиати онҳо сабаби ҷавобгарии ҷиноятӣ мегардад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram