РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Барномаи нави бисёрсолаи индикативии Иттиҳоди Аврупо барои солҳои 2021-2027 муаррифӣ гардид

21 июли соли 2022 бо роҳбарии муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин ва иштироки роҳбарияти вазорату идораҳои марбута ҷаласа баргузор гардид, ки дар он намояндагони Иттиҳоди Аврупо Барномаи нави бисёрсолаи индикативии Иттиҳоди Аврупо барои солҳои 2021-2027-ро муаррифӣ намуданд. Дар ин бора аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд.

Дар рафти ҷаласа ба иштирокчиён рӯнамои муфассали Барномаи нави бисёрсолаи индикативии Иттиҳод барои солҳои 2021-2027 пешниҳод карда шуд, ки дар доираи он самтҳои нави умедбахши ҳамкориҳои бисёрҷониба, аз ҷумла маориф ва тандурустӣ, рушди иқтисоди сабз ва рақамӣ, расонидани кӯмаки техникӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва мусоидат дар ҳалли мушкилоти экологӣ ва ғайра баррасӣ гардиданд.

Нуриддинзода А.Н. қайд кард, ки бо шарофат ва иродаи олии сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳои стратегии кишварҳои мо ба сатҳи баланд баромада, самтҳои афзалиятнокро дар бар мегиранд.

Қайд бояд кард, ки Иттиҳоди Аврупо дар доираи барномаи қаблии худ барои солҳои 2014-2020 ба Тоҷикистон 251 миллион евро ҷудо намуда, инчунин бо назардошти паҳншавии пандемияи коронавирус иловатан 48 миллион евро маблағҳои грантиро ба соҳаҳои иҷтимоӣ ҷудо кард.

Пас аз анҷоми машварат ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд ҳам густариш ва истифодаи самарабахши ҳамкориҳои бисёрҷонибаро дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт идома диҳанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram