РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Ориповро ба ҳузур пазируфтанд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Абдулло Ориповро, ки бо сафари корӣ ба Душанбе ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои маҷмӯи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Узбекистонро мавриди муҳокима қарор дода, роҳҳои рушди минбаъдаи онҳоро баррасӣ намуданд.

Дар ин зимн бо изҳори қаноатмандӣ тамоюли мусбати рушди бемайлони гардиши мол байни ду мамлакат таъкид гардид. Дар ин раванд гуногунсамт гардонидан ва тавсеаи сохтории молу маҳсулоти тиҷорати мутақобила аз ҷумлаи вазифаҳои мубрам дониста шуд. Вобаста ба ин Пешвои миллат ба имкониятҳои фаровон дар бахшҳои мухталифи саноат, соҳаҳои энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, туризм ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ишора намуданд. Дар баробари ин соҳаҳои саноати сабук ва хурокворӣ, металлҳои ранга ва сиёҳ, саноати автомобилсозӣ, инчунин комплекси агросаноатӣ ҳамчун самтҳои ояндадор номбар гардиданд.

Ба тавсеаи фаъоли робитаҳои мустақими иқтисодии субектҳои хоҷагидор ва доираҳои соҳибкорӣ дар бахши воқеии иқтисодиёт, рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар сатҳи минтақаҳо низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.

Ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои тавсеаи табодули фарҳангиву гуманитарӣ иброз доштанд.

Сарвари давлати мо аҳаммияти кори фаъоли Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодиро ҷиҳати дастрасӣ ба ҳадафҳои таҳкими бештари ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Узбекистон таъкид намуданд.

Ҷонибҳо дар мавриди талошҳои муштарак ҷиҳати пешбурди пайвастаи тамоми маҷмӯи равобиту ҳамкорияшон изҳори омодагӣ намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram