РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сангвор. Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2023» баргузор гардид

Дар ноҳияи Сангвор даври ноҳиявии Фестивал-озмуни телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2023» баргузор гардид, ки дар он санъаткорону ҷавонони боистеъдод расму оин, урфу одат, маросими хурсандии худро ба воситаи рақс, оҳангу суруд ва саҳначаҳои ҳаҷвӣ пешкаши ҳайати ҳакамон ва тамошобинон гардониданд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор хабар доданд.

Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2023» бо иштироки дастаҳои ҳаваскорони санъати ноҳия тибқи шартҳои муайянгардида гузаронида шуд. Хушбахтона, ҳайати ҳакамон ба ҳунару маҳорати ҳунармандон баҳои арзанда доданд.

Яке аз дигар шартҳои ин озмун баргузор кардани намоиши ҳунарҳои мардумӣ бо номи «Бозори ҳунар» буд, ки иштирокчиён маҳсулоти дастии худро ба намоиш гузоштанд. Бештари маҳсулоти дастӣ аз маводи дастраси маҳалӣ, ки аз ҷиҳати экологӣ поку барои инсон бехатар мебошанд, омода гардида буд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram