26 июл дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба муносибати Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаи Абдураҳмони Ҷомии шаҳри Гулистон гулгашти замонавӣ ба истифода дода шуд. Дар ин бора аз МИҲД-и шаҳри Гулистон хабар доданд.
Дар маросими ифтитоҳи гулгашти замонавӣ муовини якуми Раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар ва Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода иштирок намуда бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти гулгашт ифтитоҳ бахшиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки гулгашти замонавӣ барои фароҳам овардани фароғату истироҳати сокинон бунёд карда шуда, ҳамзамон дар дохили он майдончаи бозии кӯдакона барои бозии кӯдакон сохта шудааст.
Муовини якуми Раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар ва Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода зимни суҳбат бо сокинон ифтитоҳ гардидани боз як гулгашти замонавиро ба сокинон муборакбод гуфта, бунёди корҳои ободониро дар шаҳр аз дастгириҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд.
Ҳамчунин, дар маросими ифтитоҳи гулгашт ба кӯдакону наврасон туҳфаҳо ва шириниҳо тақдим карда шуд.