РАДИОИ ФАРҲАНГ

14 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Зарфият ва имкониятҳои рушди сайёҳӣ дар ВМКБ баррасӣ гардиданд

Дар заминаи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади рушд бахшидани соҳаи сайёҳӣ имрӯз дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — шаҳри Хоруғ Конференсияи илмӣ- амалӣ таҳти унвони “Рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон- дастовард ва мушкилот (омӯзиши таҷрибаи ВМКБ) доир гардид. Дар ин бора аз МИҲД-и ВМКБ хабар доданд.

Ҳамоиши мазкур бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар кори он намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, Академияи миллии илмҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, масъулини истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо, меҳмонхонаҳо, ширкатҳои сайёҳӣ, дар маҷмуъ беш аз 80 нафар устодону коршиносони соҳаи сайёҳии мамлакат иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст, иштирокдорони конференсия аз дастовардҳои соҳа ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумиву дидан намуда, барои боз ҳам васеътар муаррифӣ намудани имконият ва зарфиятҳои соҳаи сайёҳӣ вилоят ба масъулин тавсияҳои судманд доданд.

Дар оғози конференсия Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ иштирокчиёни чорабиниро ба вилоят хайра мақдам гуфта, оид ба имкониятҳои ва дастовардҳои соҳаи сайёҳӣ дар вилоят ибрози назар кард.

Зикр гардид, ки бо назардошти дорои аҳамияти калони гуногунҷанба будани соҳаи сайёҳӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар замони соҳибистиқлолӣ, асосҳои ҳуқуқӣ ва заминаҳои сохтории соҳаро таъсису ташаккул дода, онро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ эълон намуд. Дар ин росто, таҳти дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, стратегия ва барномаҳои соҳавӣ қабул ва мавриди амал қарор гирифтанд.

Дар Паёми навбатӣ Ҷаноби Олӣ қайд намуданд, ки солҳои охир, дар заминаи чораҷӯиҳои муассир, ташрифи теъдоди сайёҳони хориҷӣ ба кишвари мо мунтазам зиёд мегардад.

Қайд гардид, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, бо гуногунрангии иқлимию ҷуғрофӣ ва фарҳангии худ, имрӯз ба яке аз маконҳои ҷолиб ҳам барои сайёҳони хориҷӣ ва ҳам дохилӣ табдил ёфтааст.

Таъкид рафт, ки дар доираи нақша-чорабиниҳо ба ифтихори таҷлили сазовор аз 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва солҳои 2022-2026 эълон гардидани солҳои рушди саноат ва иқдоми наҷибонаи Роҳбари ғамхори давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати эълон намудани марҳилаи нави рушди бесобиқаи вилоят танҳо дар яку ним соли охир дар шаҳру ноҳияҳои вилоят зиёда аз 600 иншооти таъиноти гуногун, ки бештарашон барои равнақи сайёҳӣ мусоидат хоҳанд намуд, бунёд гардида, то охири сол боз зиёда аз 400 объект мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.

Алалхусус, кор дар ду объекти стратегӣ: таҷдиди шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ- Кулма, ба масофаи 92 км аз маркази ноҳияи Дарвоз то сарҳади маъмурии ноҳияи Рӯшон бо суръати баланд идома ёфта, бунёди НБО “Себзор” дар ноҳияи Роштқалъа давом дорад.

Гузашта аз ин, сохтмони дигар иншооти инфрасохторӣ, аз ҷумла, меҳмонхонаҳо, боғҳои фароғатию истироҳатӣ, марказу бунгоҳҳои саломатӣ, осорхонаҳо, осоишгоҳҳо, таҷдиди ҷойҳои таърихӣ, бунёду азнавсозии роҳҳои маҳаллӣ ва дигар корҳои созандагӣ шароити беҳтару хубтари ҷалбу қабули сайёҳонро муҳайё хоҳанд намуд.

Айни ҳол дар ҳудуди вилоят 51 ширкати сайёҳӣ фаъолият дошта, даҳҳо меҳмонхонаҳои доимию мавсимӣ барои хизматрасонӣ ба сайёҳон омода мебошанд.

Сипас, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Азиззода Шуҳрат оид ба дастгириҳо ва ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи сайёҳӣ суханронӣ намуданд.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Камолиддин Муъминзод таъкид намуд, ки тибқи арзёбии Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳаи сайёҳиаш устувор ва дар минтақаву сатҳи ҷаҳонӣ эътирофшуда хоҳад шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram