26 июл дар тӯйхонаи “Мирзоҳабиб” –и шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмуни “Дастархонороӣ” баргузор гардид. Дар ин бора аз МИҲД-и вилояти Суғд хабар доданд.
Миллати тамаддунсози тоҷик яке аз қадимтарин сокинони Осиёи Марказӣ маҳсуб ёфта, на танҳо дар бахши омодасозии таомҳои миллӣ, балки дар дастархонороӣ низ маҳорати хоса доранд. Анъанаи дастархонороии тоҷикон бо санъати миллии хоса аз лиҳози усули оростани хон ва истифодаи анъанаҳои миллӣ дар ҷаҳон беназиранд.
Баргузории озмуни мазкур бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми январи соли 2023, таҳти рақами АП — № 318 ва қарори Раиси вилоят аз 19 июни соли 2023 таҳти рақами 195 ва эҳё намудани таомҳои миллӣ, фарҳанги рӯзгордорӣ, бо сифати баланд ва харҷи кам оростани дастархон дар тӯю маъракаҳо мебошад.
Даври аввали озмун дар шаҳру навоҳии вилоят баргузор гардида буд ва дар даври вилоятии озмун ғолибон аз шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.
Дар натиҷа ҷойи сеюм ба шаҳри Бӯстон ва ноҳияи Спитамен, ҷойи дуюм ба шаҳрҳои Исфара ва Панҷакент насиб гардид. Мақоми аввалро кадбонуҳои шаҳри Хуҷанд гирифтанд ва эшон ба озмуни ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтанд. Ба ғолибони озмун сипосномаву туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро муовини Раиси вилоят Даврон Зоҳидзода супорид.
Инчунин барои бо сифати баланду харҷи кам оростани дастархон намояндагони як қатор ҷамоатҳои шаҳру ноҳияҳо сипосномаву туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.