РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Ашқобод нишасти Президентони Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон баргузор мешавад

26 июл тавассути видеоконфронс машваратҳо байни вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, Туркманистон- Рашид Мередов ва Узбекистон- Бахтиёр Саидов баргузор гардиданд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот масоили омодагӣ ва баргузории нишасти Президентони Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон, ки аввали моҳи августи имсол дар Ашқобод баргузор мешавад, баррасӣ шуд.

Вазирон лоиҳаи барнома, рӯзномаи ҷаласаи дарпешистода, инчунин лоиҳаи ҳуҷҷати ҷамъбастии нишастро баррасӣ намуданд.

Дар ин замина вазирон доир ба ҷанбаҳои афзалиятноки ҳамкории минтақавӣ табодули афкор намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram