РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Пагоҳ дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии шаҳри Хуҷанд ва ноҳияҳои Тоҷикободу Ҷалолиддини Балхӣ доир мегардад

Пагоҳ дар шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии ноҳияҳо доир мегардад. Намоиши шаҳри Хуҷанд дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, намоиши ноҳияи Тоҷикобод дар Боғи Куруши Кабир ва намоиши ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар Боғи фарҳангу фароғати ба номи Абулқосим Фирдавсӣ баргузор мешавад. Дар ин бора аз Вазорати кишоварзии мамлакат хабар доданд.

Вақти баргузории намоиш-фурӯши маҳсулоти кишварзӣ ва таомҳои миллӣ аз соати 08:00 то 11:00 ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ, барномаи фарҳангиву адабӣ аз соати 17:00 то 20:00 муқаррар шудааст.

Дар намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби деҳқонони шаҳру ноҳияҳо ба сокинону меҳмонони пойтахт маҳсулоти кишоварзӣ бо нархи 25-30 фоиз арзонтар пешниҳод мешавад. Аз ҷумла, 1 кг картошка бо нархи аз 4 то 4,50 сомонӣ, пиёз аз 1,80 то 2 сомонӣ, сабзӣ 3 сомонӣ, дигар намуди сабзавот аз 3 то 5 сомонӣ, гӯшти гов — 55 сомонӣ, 30 дона тухм — 27 сомонӣ, мевагӣ аз 2 то 5 сомонӣ, тарбуз 10-12 сомонӣ, равғани растанӣ (5 литр) — 65 сомонӣ, орд (50 кг) — 210 сомонӣ ба фурӯш гузошта мешаванд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram