РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Панҷакент даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии телевизионии “Андалеб – 2023” доир гардид

28 июл дар Кохи фарҳанги шаҳри Панҷакент барномаи ҳунарии ҳунармандон ва санъаткорони шаҳр дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии телевизионии “Андалеб – 2023” пешкаши ҳайати ҳакамон ва ҳаводорони санъату ҳунар карда шуд. Дар ин бора аз МИҲД-и шаҳри Панҷакент хабар доданд.

Дар саҳн ва даромадгоҳи Кохи фарҳанг ҳунармандони шаҳр, аз ҷумла атласу адрасбофон, қолину гилембофон, ҷомадӯзон, кундалкашон, рассомон, кулолгарону оҳангарон, дуредгарон, тарбиягирандагони муассисаҳои томактабӣ, устодону донишҷӯёни донишкадаю коллеҷҳо ҳунари худро ба намоиш гузоштанд. Зимнан, яке аз шартҳои фестивал- озмуни “Андалеб- 2023” намоиши ҳунарҳои халқӣ аст.

Тибқи Низомномаи фестивал- озмун суруди ҳамсароёни бисёровоза, навозиши умумӣ бо созҳои миллии мусиқӣ, намоиши либосҳои миллӣ, рақсу суруд ва навозиши якка, намоиши порча аз ҷашну анъанаҳои мардумӣ, дует, суруди анъанавӣ, саҳначаи ҳаҷвӣ, сюитаи вокалӣ- хореографӣ аз ҷониби санъаткорону тарроҳони шаҳр бо маҳорати баланд пешкаши ҳакамон ва тамошобинон карда шуд.

Ҳакамони фестивал – озмун аз рӯи даҳ номинатсия ба аҳли ҳунару санъати шаҳр даҳхолӣ ва ду номинатсия нӯҳу нимхолӣ, дар маҷмӯъ 119 хол доданд, ки ин дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии телевизионии “Андалеб – 2023” ҳоло баландтарин аст.

Дар фарҷом иштирокчиёни барномаи ҳунарии фестивал- озмун бо сипосномаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр қадрдонӣ карда шуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram