РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Телевизиони Кӯлоб ба формати дақиқияташ баланди HD гузаронида шуд

29-уми июли соли равон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пахши барномаҳои Телевизиони Кӯлоб ба формати дақиқияташ баланди HD гузаронида шуд.

Дар ин чорабинӣ Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр ва дигар масъулони мақомоти иҷроияи ҳукумати вилоятиву шаҳрӣ иштирок доштанд.

Иқдоми мазкури Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон шароит фароҳам овард, ки сатҳи пахши барномаҳои Телевизиони Кӯлоб беҳтар гардад.

Теъдоди кормандони телевизион замони таъсисёбӣ ба 8 нафар, соли 2002 ба 30 нафар мерасид ва имрӯз шумораи онҳо ба 70 нафар мерасад. Ҳудуди шабонарӯзии пахши барномаҳои телевизион аз аввали соли 2014 тавассути таҷҳизоти рақамӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб ба 16 соат мерасад. Айни замон 18 соат тавассути моҳвора пахш мегардад.

Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо кормандони телевизион суҳбат намуда, аз вазъи корбурди пахши барномаҳои телевизион ва радиои маҳаллӣ шиносоӣ пайдо карда, барои дар сатҳи баланд таҳия ва омода намудани пахши барномаҳо дастуру тавсияҳои муфид доданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram