РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ба мардуми аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ кумак расонида шуд

Таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади сари вақт бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ дар деҳаи Урметани Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ба сокинони аз офати табиӣ зарардида маҳсулоти ниёзи аввал кумак карда шуд. Таъкид кардан ба маврид аст, ки аз рӯзҳои нахустини офати табиӣ дар мавзеи Лангари деҳаи Урметан бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ситод ташкил шуда, вазъият таҳти таваҷҷуҳи доимии Сарвари давлат қарор дорад.

Тайи ду рӯз мешавад ба сокинони аз офатҳои табиӣ зарардида аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд, инчунин аз ҷониби Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд кӯмакҳо расонида мешаванд. Ин кӯмакҳо, ки иборат аз маводи ғизоӣ, бастаи гигиенӣ, бастаи маводи ошхона ва аз дигар ашёи зарурии ниёзи аввал ба афроди камбизоат ва аз офоти табиӣ зарардида расонида мешавад.

Муҳаммадҷон Абдулзода -Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳияи Айнӣ ба рӯзномаи “Файзи Зарафшон” ахбор дода, гуфт, кӯмакҳои мазкур ба осебдидагон тақсим карда шуд. Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ аз мавзеҳои зарардида дидан намуда, таҳти роҳбарии Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода дар ироаи кӯмакҳо мустақиман саҳм гирифтаанд.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси Ҷамоати деҳоти Урметан иброз дошт, ки бар асари селхезии санаи 28-уми июл ба кӯчаю заминҳои назди ҳавлии сокинон ва баъзе таҳхонаҳо зарар диданд, ки таҳти Роҳбарии Раиси ноҳия дар рӯзҳои наздик хисороти баамаломада бартараф карда мешаванд.
Айни замон бо сардории Раиси ноҳия Муқим Муродзода дар мавзеи мазкур Ситоди доимамалкунанда ташкил карда шуда, ҳама сохторҳои марбута ва техникаҳои лозимӣ барои тамизкорӣ сафарбар шудаанд. Ҳам имрӯз, аз ҷониби Роҳбарияти МИҲД-и ноҳия дар мавзеи Лангари деҳаи Урметан ҳашари умумӣ ташкил карда шуд, ки ба ғайр аз мардуми деҳа зиёда аз 300-нафар аз ҳудуди Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ба он ҷалб карда шуданд.

Муқим Муродзода зимни мулоқот бо сокинон таъкид кард, ки дар заминаи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сокинони зарардида кӯмакҳо барои барқарорсозии инфрасохтори зарурӣ расонида мешаванд ва дар кӯтоҳтарин муҳлат хисороти аз офати табиӣ баамаломада бартараф мегарданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram