Дар асоси Нақшаи кории Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 — 10 адад санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз экспертизаи ҳуқуқӣ гузаронида шуда, дар натиҷа 125 таклифи илмӣ рӯй кор омад, гуфт роҳбари Маркази миллии ҷонунгузории назди Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон Саидзода Иззатулло Ҳабибулло дар нишасти матбуотӣ.
Дар давраи ҳисоботӣ ба Маркази миллии қонунгузорӣ аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳо 62 адад лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои гузаронидани экспертизаи ҳуқуқӣ ворид гардид.
Инчунин дар нишасти мазкур гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ 2 таҳқикоти муқоисавию ҳуқуқии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қонунгузории давлатҳои хориҷӣ гузаронида шуд. Аз ҷумла, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо коррупсия» ва «Дар бораи экспертизаи экологӣ» бо қонунгузории ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Беларус, Туркманистон ва Федератсияи Россия.