1 августи соли 2023 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳусейн Амирабдуллоҳиён суҳбати телефонӣ анҷом дод. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии мамлакат хабар доданд.
Зимни мулоқот масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷонибаи байни ду кишвар дар самтҳои мухталиф ва масоили дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ гардиданд.