Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад, ки 4-6 август дар қаламрави вилоятҳои Хатлон, ҳамчунин навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе ворид шудани омилҳои метеорологӣ – чангу хок аз самти ноҳияҳои ҷанубу ғарбӣ ва ғарбӣ сабаби олудагии ҳаво мешавад.
Дар иртибот ба ин кумитаи мазкур барои пешгирӣ аз хатари ин гуна ҳавои номусоид тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо бештар оби тоза бояд нӯшид, ҳатто дар як рӯз на камтар аз 2-2,5 литр ва аз ин миқдор агар 0,5 литр оби минералӣ бошад, боз беҳтар аст. То ҳадди имкон тирезаҳои хонаҳоро пӯшидан хуб аст.
Пайваста ҳавои дохили хонаро поку тоза нигоҳ доштан ба манфиат аст, бо латтаи нарму нам тоза кардани фарш ва тирезаҳоро фаромӯш набояд намуд.
Ба онҳое, ки гирифтори бемориҳои диққи нафас ва дилу фишорбаландӣ мебошанд, истифода аз доруҳо ва дар сурати зарурат муроҷиат ба духтур ҳатмӣ мебошад.