РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Миёни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Ассамблеяи умумиҷаҳонии ҷавонони мусалмонон санади ҳамкорӣ ба имзо расид

2 августи соли 2023 дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ мулоқоти раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ ва роҳбари Ассамблеяи умумиҷаҳонии ҷавонони мусалмон Солеҳ Сулаймон Ал Вуҳайбӣ доир гардид. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқоти мазкур раиси Кумитаро Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ ва дигар масъулини соҳаи кор бо ҷавонон ҳамроҳӣ намуданд.

Зимни мулоқот иброз гардид, ки бо шарофати сиёсати оқилонаи пешгирифтаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зарфи 31 соли соҳибистқлолӣ кишвари мо тавонист бо 173 кишвари олам ва зиёда аз 55 ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ муносибатҳои хуби ҳамкорї ба роҳ монад. Ин гуна принсип дар муносибатҳои байналмилалӣ ба сохторҳои давлатӣ аз он ҷумла ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш имкон дод, ки бо ҳама созмонҳо ва сохторҳои давлатие, ки дар самти кор бо ҷавонон ва варзиш кору фаъолият мекунанд, муносибатҳои расмӣ ва ғайрирасмии дӯстона дошта бошад.

Дар ҳошияи мулоқот аз ҷониби раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло ва роҳбари Ассамблеяи умумиҷаҳонии ҷавонони мусалмон Солеҳ Сулаймон Ал Вуҳайбӣ оид ба паҳлуҳои мухталифи ҳамкориҳои минбаъда ибрози андеша карда шуда, Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон ва Ассамблеяи умумиҷаҳонии ҷавонони мусалмон дар соҳаи кор бо ҷавонон ба имзо расонида шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram