РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Cафири Тоҷикистон Бахтовар Сафарзода бо раиси Кумитаи иҷроияи шаҳри Минск Кухарёв Владимир мулоқот кард

4 августи соли 2023 сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Сафарзода Бахтовар бо раиси Кумитаи иҷроияи шаҳри Минск Кухарёв Владимир мулоқот анҷом дод. Дар ин бор аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус хабар доданд.

Тарафҳо раванди мусбат ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла кооператсияи истеҳсолӣ байни корхонаҳои шаҳрҳои Душанбе ва Минск, мусоидат ба рушди робитаҳои мустақими доираҳои соҳибкорӣ ва тақвияти фаъолияти тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ-гуманитариро муҳокима намуданд.

Ҷонибҳо моҳияти хоси дӯстонаи ҳамкориҳои тарафҳо байни ду кишварро дар умум ва пойтахтҳоро ба таври хос баён намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram