РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Чемпиони ҷаҳон Ҷавоҳир Шодиев аз ҷониби раиси шаҳри Турсунзода қадрдонӣ шуд

Раиси шаҳри Турсунзода ба чемпиони ҷаҳон Ҷавоҳир Шодиев аз номи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сокинони  шаҳр  Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотирмон тақдим намуд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар доданд.

Ҷавоҳир Шодиеви 17-сола, сокини шаҳри Турсунзода ва дастпарвари мактаби варзишии шаҳри  мазкурдар Чемпионати ҷаҳон оид ба муҳорибаҳои омехта, ки аз 1 то 7 август дар шаҳри Абузабии  Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор шуд, иштирок намуда, дар вазни 56 кг байни варзишгарони 46 давлати дунё унвони чемпиони ҷаҳонро сазовор гардид.

Ҷавоҳир дар рақобатҳои чандрӯза рақибони худро аз давлатҳои Амороти Муттаҳидаи Араб, Озарбойҷон ва Қазоқистонро шикаст дода, дар даври ниҳоӣ варзишгари украиниро мағлуб намуд ва сазовори медали тиллои чемпионати ҷаҳон гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram