РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Имрӯз дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Комиссияи олии аттестатсионӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад

Имрӯз дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон  ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2023 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.

Дар Комиссияи олии аттестатсионӣ нишасти матбуотӣ соати 08:00 баргузор мегардад.

Дар Кумитаи кор бо занон ва оила нишасти матбуотӣ соати 09:00 оғоз меёбад.

Дар Кумитаи рушди сайёҳӣ нишасти матбуотӣ соати 10:00 баргузор мешавад.

Нишасти матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ соати 11:00 дар  Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ доир мегардад.

Дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш нишасти матбуотӣ соати 15:00 баргузор мешавад.

Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур нишасти матбуотӣ соати 09:00 ва дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ нишасти матбуотӣ соати 14:00 баргузор карда мешавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram