РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба «Ҳифзи муҳити зист, ҳолатҳои фавқуллода ва тағйирёбии иқлим» доир гардид

8 августи соли 2023 ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба «Ҳифзи муҳити зист, ҳолатҳои фавқуллода ва тағйирёбии иқлим» дар доираи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва дасгирии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон гузаронида шуд.

Дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳо, шарикони рушд, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.

Ҷаласаро бо суханҳои ифтитоҳӣ роҳбари гуруҳи корӣ — муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмзода Зарафо Суфиҷон, ҳамоҳангсози Котиботи Шӯрои миллии рушд Камолиддин Бозӣ ва сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ генерал-майор Камолозода Ҷамшед ҳусни оғоз бахшида, роҷеъ ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, гуногунии биологӣ, истифодаи устувори захираҳои табиӣ, таъмини муттаҳидсозии амалҳо оид ба барқарор кардани низомҳои экологии вайроншудаи табиӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагӣ барои муқовимат ба офатҳои табиӣ ва масъалаҳои тағйирёбии иқлим, инчунин низоми огоҳкунии бармаҳал оид ба хавфи офатҳои табиӣ дар доираи Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025 ва Ҳадафаҳои рушди устувор суханронӣ намуданд.​

Дар баромади сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастр Шукуров Исфандиёр доир ба вазифаҳои асосии Гурӯҳи кории байниидоравии №11 «Ҳифзи муҳити зист, ҳолатҳои фавқуллода ва тағйирёбии иқлим» қайд гашт, ки бояд ҳамаи гурӯҳҳои байниидоравӣ вобаста ба масъалаҳои соҳавӣ дар доираи гурӯҳи мазкур ҳамоҳангсоз карда шуда, фаъолияти он самаранок карда шавад.

Дар ҷаласа раванди иҷрои нақша чорабиниҳои Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025 мавриди баррасӣ қарор гирифта, вобаста ба ҳолати иҷрои чорабиниҳо мутахассисон дар мавзуъҳои “Муҳтавои Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028”, “Ҳифз ва нигоҳдории гуногунии биологӣ ва истифодаи устувори захираҳои табиӣ”, “Гуногунии биологӣ — ҳамгироӣ кардани чорабиниҳо оид ба барқарорсозии экосистемаҳои вайроншудаи табиӣ”, “Вазифаи тақвияти низоми ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкорӣ дар самти масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва низоми огоҳкунии бармаҳал оид ба хавфи офатҳои табиӣ”, “Таҷдиди саҳми муайяншудаи миллӣ (NDC) барои ноил шудан ба ҳадафи глобалии Конвенсияи чаҳорчӯби СММ оид ба тағирёбии иқлим (UNFCCC) аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Муҳтавои лоиҳаи Нақшаи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим” баромад намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram