РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Рӯзҳои истироҳат дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон доир мегардад

Рӯзҳои истироҳат- 12 ва 13 август дар шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии шаҳру ноҳияҳои мамлакат доир мегардад. Дар ин бора аз Вазорати кишоварзии мамлакат хабар доданд.

Рӯзи шанбе, 12 август намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии шаҳри Истиқлол дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Ҷавонон», ноҳияи Шуғнон дар Боғи Ирам ва ноҳияи Ёвон дар Боғи Кӯдакон баргузор мешавад.

Рӯзи якшанбе, 13 август намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии ноҳияи Зафаробод дар Боғи Куруши Кабир, ноҳияи Рӯшон дар Боғи Ирам ва ноҳияи Дӯстӣ дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ доир мегардад.

Вақти баргузории намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва таомҳои миллӣ аз соати 08:00 то 11:00 ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ, барномаи фарҳангиву адабӣ аз соати 17:00 то 20:00 муқаррар шудааст.

Дар намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби деҳқонони шаҳру ноҳияҳо ба сокинону меҳмонони пойтахт маҳсулоти кишоварзӣ бо нархи дастрас пешниҳод мешавад.

Ёдовар мешавем, ки то имрӯз шаҳру ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор, Ваҳдат, Шаҳритус, Конибодом, Қубодиён, Турсунзода, Ҷайҳун, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Шаҳринав, Панҷ, Ашт, Нуробод, Кӯшониён, Мастчоҳ, Файзобод, Восеъ, Хуҷанд, Тоҷикобод, Ҷалолиддини Балхӣ, Бӯстон, Сангвор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Гулистон, Варзоб, Кӯлоб, Истаравшан, Роғун ва Вахш намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии худро дар боғҳои пойтахти мамлакат баргузор намуданд.

Бояд гуфт, ки намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе аз 1 июл оғоз гардида, то 3 сентябр идома меёбанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram