РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Корхонаи Иттиҳодияи истеҳсолии Матбааҳои ВМКБ ба фаъолият оғоз кард

Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилоят як қатор иншооти таиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар радифи ин сафар, бо иштироки Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор иншоот дар маркази вилоят, шаҳри Хоруғ ба истифода дода шуданд. Баъди васлу насби таҷҳизоти муосир, Корхонаи воҳиди давлатии Иттиҳодияи истеҳсолии Матбааҳои вилоят низ ба кор дароварда шуд. Дар ин бора аз МИҲД-и ВМКБ хабар доданд.

Зикр шуд, ки дар ибтидои солҳои 90 Иттиҳодияи истеҳсолии Матбааҳои вилоят чун дигар корхонаҳои истиеҳсолӣ ба муфлисшавӣ рӯй оварда, фаъолияташро қатъ намуд.

Ниҳоят, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои корхона азнавсозӣ ва бо дастгоҳҳои муосири чопӣ таъмин гардида, дар арафаи ҷашни 32 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Дар баробари дастрас намудани дастгоҳҳои муосири чопӣ, корхона имконият пайдо намуд, ки аз ин ба баъд рӯзномаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоятро дар ин матбаа ба нашр расонанд. То ин муддат, табъу нашри рӯзномаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят дар макрази пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе ба роҳ гузошта шуда буд, ки барои кам кардани хароҷот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ нақши муассисаи навтаъсиси истеҳсолӣ дар ин самт муассир арзёбӣ мегардад.

Нашри рӯзномаҳо асосан тариқи дастгоҳи “Роланд 200”-и истеҳсоли давлати Олмон ба роҳ монда шуда, ин дастгоҳ бо сармояи наздики 500 ҳазор сомонӣ аз тарафи ҶДММ ”Ноширон”- и шаҳри Душанбе тариқи шартнома дастраси матбааи вилоят гардидааст. Дастгоҳи мазкур имконият дорад, ки дар баробари чопи рӯзномаву маҷалла, инчунин чопи китобҳои калонҳаҷмро ба тариқи маъмулӣ ва ранга низ ба роҳ монад.

Дар баробари ин, ҳамчунин дастгоҳҳои чопии “Ризограф”-и давлати Ҷопон, ки барои чопи теъдоди аз 100 то 500 адад китобу маҷалла ва иҷрои дигар фармоишҳои чопии хурд, дигар дастгоҳҳои қоғазбурию ширешкунӣ пешбинӣ гардидааст, мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд.

Дар маросими ба истифода супоридани Корхонаи воҳиди давлатии Иттиҳодияи истеҳсолии Матбааи истеҳсолӣ, ҳамзамон намоиши дастовардҳои соҳаи табъу нашри вилоят ба намоиш гузошта шуд.

Котиби Шӯрои амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Насрулло Раҳматҷон ва Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ қайд карданд, ки барои боз ҳам васеъ намудани фаъолияти ин муассиса чораҳои иловагиро роҳандозӣ хоҳанд намуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram