РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ корхонаи истеҳсоли пойафзолро ба истифода дода, бо намоиши маҳсулоти он шинос шуданд

17 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли пойафзоли Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сандал” оғоз бахшиданд.

Корхонаи пойафзолбарорӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз тарафи соҳибкори ҷавон Аъзамҷон Аҳруллоев сохта шуда, таҳти унвони “ЯК” маҳсулот истеҳсол менамояд.

Корҳои бунёдӣ ва васлу насби техникаю таҷҳизоти кории иншооти мазкур соли 2022 шуруъ гардида, он дар маркази шаҳри Хоруғ дар масоҳати 576 метри мураббаъ доман густурдааст. Пудратчии иншоот Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Амал” мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз шароити корӣ ва раванди истеҳсолот дар коргоҳ ба сифати маҳсулоти истеҳсолгардида баҳои баланд дода, ба фаъолият пардохтани корхонаи пойафзолбарориро дар минтақаҳои дурдасти мамлакат  заминаи хуби татбиқи Панҷсолаи рушди соҳаи саноат арзёбӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки корхонаи “Сандал” дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ягона буда, бо истеҳсоли маҳсулоти хушсифат дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат харидорони худро дорад. Ҳоло маҳсулоти тайёри корхона ба бозорҳои шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон содирот гардида, ивазкунандаи воридот мебошад.

Қобили тазаккур аст, ки тамоми таҷҳизоти коргоҳ насли нав буда, аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид гардидааст. Технологияи коргоҳ аз нигоҳи хароҷот каммасраф аст ва кори 2-3-соатаи дастиро дар 40 сония анҷом медиҳад. 50 фоизи кор автоматӣ иҷро мегардад.  Барои иҷрои корҳои дастӣ дар марҳилаи аввал 20 нафар ба кор ҷалб шудаанд ва дар сурати пурра ба фаъолият пардохтани он то 35 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб мегарданд. Кормандон низ аз ҳисоби сокинони бешуғли шаҳри Хоруғ ҷалб шуда, пеш аз кор аз даврҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ гузаронида мешаванд.

Бо инобати содаю осон будани раванди кор ва мувофиқ будан ба шуғли занон аксари кормандони коргоҳи мазкурро занон ташкил менамоянд, ки ҳар кадом таҷрибаи хуби чеварӣ доранд.

Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки барои истеҳсоли босифати пойафзоли “ЯК” ашёи хом аз Туркия ворид гардида, иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як сол аз 15 то 20 ҳазор ҷуфт пойафзолро ташкил медиҳад ва бо зиёд гардидани талабот имкони афзун намудани иқтидори истеҳсолӣ мавҷуд аст. “Сандал” дар шаҳри Хоруғ ягона корхонаи истеҳсоли пойафзол мебошад, ки бо дизайну махсусияти хосса ба фаъолият пардохтааст.

Дар ин ҷо, пеш аз ҳама, ба сифати коркарди ашёи хом таваҷҷуҳ зоҳир мегардад ва маҳсулоти истеҳсолшаванда аз ташхис гузаронида шуда, сипас ба фурӯш бароварда мешавад. Барои муътадил нигоҳ доштани ҳарорати ҳаво дар фасли сармо тамоми ҳуҷраҳои корию истеҳсолӣ бо печҳои ангиштӣ таъмин мебошанд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз намоиши маҳсулоти истеҳсолии коргоҳ аз дастгирӣ ёфтани сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти саноатикунонии босуръати мамлакат аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Сарвари давлат дастур доданд, ки минбаъд низ ба сифати истеҳсолот таваҷҷуҳи амиқ зоҳир намуда, бо зиёд намудани ҳаҷми он дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ивазкунандаи воридот саҳми муносиби худро гузоранд.

Дар навбати худ кормандони корхонаи “Сандал” ба Сарвари давлат ҷиҳати фароҳамсозии шароиту имконияти арзандаи фаъолият ва таваҷҷуҳи хосаашон ба мардуми кӯҳистон изҳори миннатдорӣ намуда, ваъда доданд, ки минбаъд низ дар татбиқи ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат дар самти беҳтарсозии некуаҳволии мардум талош меварзанд ва барои ободии сарзамини аҷдодӣ саҳми муносиб мегузоранд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram