РАДИОИ ФАРҲАНГ

14 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ корхонаи истеҳсоли мебелро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

17 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ коргоҳи истеҳсоли мебелро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо намоиши маҳсулоти ин корхона шинос шуданд.

Иншооти мазкур дар доираи нақшаҳои ҷашнӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар масоҳати умумии 500 метри мураббаъ бо дарназардошти талаботи замони муосир бунёд шудааст.

Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот соли 2020 оғоз гардида, васлу насби техникаи корӣ ва муҷаҳҳазсозии бино соли 2022 анҷом ёфтааст.

Самти асосии фаъолияти корхона истеҳсоли мебел буда, тибқи фармоиш маҳсулот мебарорад. Бо бунёди коргоҳи нав 10 нафар бо кори доимӣ таъмин гардиданд ва маоши миёнаи кормандон вобаста ба ҳаҷми кор аз 1500 то 3000 сомониро дар бар мегирад.

Ба Пешвои муаззами миллат иттилоъ дода шуд, ки талабот ба чунин коргоҳҳо дар шароити кӯҳистон хеле зиёд буда, ҳоло маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхона дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон харидорони худро дорад.

Иқтидори солонаи коргоҳ истеҳсоли зиёда аз 4 ҳазор мебели хушсифат буда, дар оянда бо амалӣ намудани ҳамкории дуҷониба бо корхонаву муассисаҳои давлатӣ ҳаҷми истеҳсолот зиёд мешавад.

Таҷҳизоти коргоҳ насли нав буда, аз лиҳози сарфаи неруи барқ каммасраф ва бехатар мебошанд.

Ба иттилои масъулин, барои истеҳсоли мебел ашёи хом аз Туркия ва Федератсияи Русия ворид мегардад. Тарҳ ва дизайни мебел мувофиқ ба талаботи замон таҳия гардида, ба сифати кор низ таваҷҷуҳи хосса дода мешавад. Яке аз бартарияти маҳсулоти корхонаи мазкур агар сифати хуб бошад, аз тарафи дигар, мувофиқи табъ ва фармоиши корфармо омода кардани мебел кафолати рушди минбаъдаи корхона дониста мешавад.

Корхона беш аз 20 навъи мебел, аз ҷумла мебелҳо барои хона, ҳуҷраҳои корӣ, мизу курсӣ барои муассисаҳои таълимӣ, рахти хоб барои марказҳои саломатӣ омода менамояд, ки нархҳои дастрас доранд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз ин коргоҳ ба ташаббускорон изҳори миннатдорӣ намуда, ба фаъолият шуруъ намудани онро дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — шаҳри Хоруғ қадами муҳим дар самти рушди саноат дар ин минтақаи дурдаст номиданд.

Бунёди чунин корхонаҳои замонавӣ, пеш аз ҳама, ба таъмини аҳолӣ бо кори доимӣ замина гузошта, ба боз ҳам беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум мусоидати фаъол менамояд.

Зимни суҳбати самимӣ коргарони коргоҳи мазкур аз ташаббусҳои созандаи Сарвари давлат дар самти рушду пешрафти мамлакат  изҳори сипос намуда, уҳдадор шуданд, ки дар рушду шукуфоии Тоҷикистони азиз саҳми муносиб гузоранд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram