РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар ноҳияи Мурғоб майдони Парчам ва Нишони Тоҷикистон ифтитоҳ шуд

Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз рафти тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ноҳияи Мурғоб як қатор иншооти сохтмонашон баанҷомрасида ифтитоҳ карда шуданд. Аз ҷумла, яке аз иншоотҳои ҷашнӣ майдони Парчам ва Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ мебошад, ки он дар тарбияи ватанпарастию хештаншиносии сокинони ин ноҳия мусоидат менамояд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Сохтмони майдони Парчам ва Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ соли 2020 оғоз ёфта, корҳои лоиҳакаширо Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Маъруфшаҳрсоз” ва корҳои сохтмониро дар иншооти мазкур Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Бадахшонроҳ Интернейшенел” бо сифати баланд ба итмом расонидаанд.

Майдони Парчам ва Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон макони баргузории чорабиниҳои сиёсӣ, идҳои миллӣ, дигар тантанаҳои ҷашнӣ қарор гирифта, иштирокчиёни ин маъракаҳои сиёсиву ҷамъиятиро барои пос доштани муқаддасоти миллӣ, ҳимояи Ватан, ҳифзи табиати кишвар, равнақи дӯстии тоҷикону қирғизҳо, намояндагони дигар халқҳо, меҳнати софдилона барои рушду ободии ин сарзамин ҳидоят менамояд.

Масоҳати умумии майдони Парчам ва Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон 2800м2 -ро ташкил медиҳад, баландии пояи Парчам 35 метр, андозаи он 12м х 6м, баландии пояи нишон 22 метр ва андозаи доирааш 1,8м х 1,8 метрро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон, саҳни майдони мазкур дар масоҳати 1600м2 бо тахтасангҳо ва 380м2 бо сангҳои ороишӣ (гранит ва мрамор) рӯйпӯш карда шуда, 30 адад чароғакҳои баландпоя васл карда шудааст, гирду атрофи майдон панҷарабандӣ гардида, дар ҳудуди он 14 адад курсии беруна ва 8 дона қуттиҳои партовҷамъкунӣ васл карда шудааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram