РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Соҳибкорони Русия ба соҳаи кишоварзии вилояти Хатлон маблағгузорӣ мекунанд

17 август дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон раиси вилоят Давлаталӣ Саид ҳайати намояндагии тиҷоратии Федератсияи Руссия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Коренков Евгений Анатолевич ва Сергеев Антон Александровичро ба ҳузур пазируфтанд. Ҷонибҳо вобаста ба рушди ҳамкориҳои тиҷоратии дуҷониба изҳори назар карданд. Дар ин бора аз МИҲД-и вилояти Хатлон хабар доданд.

Зимни мулоқот раиси вилоят Давлаталӣ Саид ҳайати намояндагии тиҷоратии Федератсияи Руссия дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ташриф ба маркази маъмурии вилояти Хатлон шаҳри Бохтар хайрамақдам гуфта иброз намуданд, ки рушди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии минтақаҳои Тоҷикистону Руссия мавқеи муҳим дорад. Тоҷикистону Руссия ҳамчун шарикони стратегӣ гардиши молро мунтазам афзоиш дода, дар беҳтар намудани робитаҳои мустақими минтақаҳои дуҷониб нақши босазо гузошта истодаанд.

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид зимни мулоқот изҳор намуд, ки ба вилоят аз 26 кишвари хориҷӣ бо маблағи 838.4 миллион доллар сармоя ҷалб карда шудааст, ки бештари он ба Федератсияи Руссия рост меояд. Барои таъмини рушди устувор ва ноил шудан ба ҳадафҳои рушд ҷалби бештари сармояи мустақим аз Федератсияи Руссия зарур аст.

Намояндаи тиҷоратии Федератсияи Руссия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Коренков Евгений Анатолевич зимни мулоқот ба рушди бемайлони ҳамкориҳо дар самти татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ ишора карда баҳри дастгирии субъектҳои хоҷагидорӣ андешаронӣ кард. Изҳор шуд, ки мо бо ҳайати гурӯҳи худ омодаем, ки баҳри рушди муносибтҳои тиҷоратӣ соҳибкоронро аз Федератсияи Руссия ҷалб намоем. Ҷаноби Коренков Евгений Анатолевич ҳамчунин қайд намуд, ки маҳсулотҳои кишоварзии аз ҷиҳати экологии тозаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан вилояти Хатлон диққати соҳибкорони моро ҷалб кардааст ва мо мехоҳем барои содирот кардани хусусан мевагиҳо ба Федератсияи Руссия бештар ҳамкорӣ намоем.

Ҳамчунин баҳри бунёди боғҳои мевадиҳанда ва дастагирии лоиҳаҳо дар ин самт мо ҳамеша омодаем. Раиси вилоят гуфт мо ҳадаф дорем, ки бо роҳбарияти минтақаҳое, ки бо онҳо шартномаи ҳамкорӣ дорем вохӯрӣ ташкил намуда бо ҳамватанон ва соҳибкорони муваффақ низ дар Федератсияи Руссия мулоқоти судманд анҷом диҳем. Ҳамзамон изҳори боварӣ намуданд, ки натиҷаи вохӯрии имрӯза ба густариши минбаъдаи ҳамкориҳо такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram