РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Хоруғ. Озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон -Ватани азизи ман» оғоз шуданд

Дар маркази Вилояти доир ба баргузории даври сеюми озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон -Ватани азизи ман» ҷаласа доир гардид. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ хабар доданд.

Дар ҷаласаи мазкур оид ба дар сатҳи баланд ва шаффоф доир гардидани озмунҳои мазкур ба масъулин дастуру супориш дода шуд. Гуфта шуд, ки озмунҳои вилоятӣ бояд дар сатҳи баланд баргузор шуда, беҳтаринҳо ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гиранд.

Бояд гуфт, ки  озмунҳои мазкур бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолигардонии доираи забондонӣ байни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсил, инчунин магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо ва шаҳрвандони кишвар ташкил шуда, ба пайдо намудани чеҳраҳои нав мусоидат менамояд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram