РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо аъзои Бюрои сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби Коммунистии Чин, ноиби Сарвазири Шўрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Хэ Лифэн

22 август дар ҳошияи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо аъзои Бюрои сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби Коммунистии Чин, ноиби Сарвазири Шўрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Хэ Лифэн мулоқот намуданд.

Дар оғози суҳбат муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ҷониби Чин барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ва имконияти баррасии масоили ҳамкории байнидавлатӣ  изҳори сипоси самимӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки муносибатҳо бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мавқеи афзалиятнок дорад ва Тоҷикистону Чин дар тамоми самтҳои  ҳамкорӣ  ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, сатҳи муносибатҳо аз робитаҳои муқаррарии дуҷониба то ба сатҳи  шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ расидаанд.

Бо қаноатмандӣ таъкид шуд, ки байни  ду давлат муносибатҳои дӯстии самимӣ, ҳамсоягии нек, эътимоди амиқ ва дастгирии тарафайн фароҳам буда, дар заминаи ҳуқуқии мусоид  пайваста рушд меёбанд. Дар ҷанбаи сиёсӣ низ муносибатҳои байниҳамдигарӣ   муштаракот ва наздикии мавқеи ду давлатро  дар масъалаҳои рӯзномаи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ фаро мегирад.

Ҷонибҳо ба муколамаи доимии байнидавлатии созанда дар сатҳи олӣ ва баланд, саҳми бузурги роҳбарони ду давлат дар таъмини рушди устувори ҳамкориҳои дуҷониба баҳои баланд дода, изҳори боварӣ намуданд, ки натиҷаҳои сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дар моҳи майи соли равон, ба рушди  минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Чин дар соҳаҳои  гуногун ҳамаҷониба мусоидат хоҳанд намуд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз тавсеаи мунтазами робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Чин низ дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар доираи ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ҷониби Чин аз дастгирии ҳукумати ин давлат ҷиҳати татбиқи барномаҳо ва лоиҳаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодӣ дар Тоҷикистон ва кумакҳои башардўстона изҳори сипос намуданд.

Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо ба масъалаи рушди ҳамкории байнидавлатӣ  дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанба дар доираи  Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ва дигар  ташкилоту созмонҳои минтақавию  байналмилалӣ  таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Чин, афзоиши ҳаҷми гардиши мол, савдо, ҷалби сармояи бахши соҳибкории Чин ба иқтисоди Тоҷикистон, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои нақлиёт, энергетика, саноат, коркарди захираҳои маъдан, кишоварзӣ, дорусозиро, ки ба ташаккули занҷираи истеҳсолӣ ва таъсиси ҷойҳои кории нав дар Тоҷикистон мусоидат менамояд, муҳокима намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram