РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар ҷамоати деҳоти Симиҷанги шаҳри Ваҳдат Маркази саломатӣ ба истифода дода шуд

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ имрӯз, 22 августи соли равон бо иштироки намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Бунгоҳи саломатии Арбобӣ воқеъ дар ҷамоати деҳоти Симиганҷи шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд. Дар ин бора аз Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ хабар доданд.

Бунгоҳи саломатӣ аз чор шӯъба иборат буда, дар он барои расонидани ёрии аввалияи тиббӣ тамоми шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст.

Аз ҷумла муассисаи тандурустии мазкур аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат бо таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ таъмин гардидааст.

Иншооти тандурустӣ ба 2 ҳазор аҳолии маҳаллаи мазкур хизмати тиббӣ хоҳад расонид.

Ба истифода додани ин Маркази саломатӣ имкон медиҳад, ки сокинони маҳаллаи мазкур ба ҷои дур нарафта, дар ҷои истиқомати худ бо ёрии аввалияи тиббӣ таъмин гарданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram