РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дастовардҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар замони Истиқлол баррасӣ гардид

«32 сол дар пеши таърих муддати тӯлонӣ нест, вале ин марҳиларо барои миллати тоҷик метавон таърихсозу тақдирсоз унвон намуд. Тоҷикон ба сахттарин имтиҳони таърих- ҷанги шаҳвандӣ рӯбарӯ гаштанд, давлату миллатро хатари аз байн рафтан ҳар лаҳза таҳдид менамуд. Аммо алорағми ҳама нотавонбинону муғризон тоҷикон дубора гирди ҳам омада, барои ободкориву созандагӣ камари ҳиммат бастанд ва Истиқлолияти худро истеҳком бахшиданд».

Чунин гуфт ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода дар конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ, ки бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси садорати факултети филологияи донишгоҳ доир гардид. Зимнан таъкид шуд, ки яке аз нахустфакултетҳои донишгоҳ- ин факултети филология мебошад, ки то имрӯз мутахассисони зиёде ба камол расонидааст. Он дар замони соҳибистиқлолӣ зери таваҷҷуҳи хоссаи роҳбарияти олии мамлакат қарор гирифта, дар самтҳои гуногун ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки дар конфронс мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода, академики АМИТ Муҳаммадюсуф Имомзода,  декани факултети филология Сироҷиддини Эмомалӣ  ва дигарон сухан намуданд. Гуфта шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳи миллӣ таваҷҷуҳи хосса  дошта, саҳми профессорону омӯзгорони ин боргоҳи илму маърифатро дар рушди илму маорифи мамлакат назаррас арзёбӣ менамоянд. Ҳамин аст, ки дар арафаи таҷлили ҷашни бузурги миллӣ- Истиқлолияти давлатӣ дар баробари намояндагони касбу кори гуногуни мамлакат устодону кормандони ин махзани илму адаб низ бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ мешаванд.

Дар идомаи конфронс китоби тозанашри профессор Сироҷиддини Эмомалӣ «Дастовардҳои факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар замони Истиқлол» рӯнамоӣ ва ба иштирокдорони ҳамоиш тақдим гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram