РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар шаҳри Ваҳдат таҳти унвони «Мактаби экологӣ-2023» силсиламашғулиятҳои омӯзишӣ баргузор гардид

Аз 19 то 23 августи соли ҷорӣ барои донишҷуён, волонтёрон ва фаъолон дар истироҳатгоҳи “Ёс”-и мавзеи Ромит дар шаҳри Ваҳдат таҳти унвони «Мактаби экологӣ-2023» ҳафтаи омӯзиши экологӣ, ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, мониторинг сифати ҳавои атмосфера ва муомилот бо зарфҳои пластикӣ силсиламашғулиятҳои омӯзишӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз кумитаи мазкур хабар доданд.

Дар кушодашавии лагери экологӣ намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари Барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе иштирок ва суханронӣ намуданд. Қайд карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии вобаста ба об ва экология эътироф гардидааст. Аз ҷумла, пешниҳоди панҷуми ҷумҳурии мо оид ба эълон гардидани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи #пиряхҳо бо ҷонибдории кулли аксари кишварҳо аз тарафи Маҷмаи умумии СММ қабул карда шуд, ки баҳри татбиқи он ҷаҳон иқдомҳои ҳадафмандона пеш гузошта истодаанд.

Сипас, машғулиятҳои панҷрӯза оғоз гардида, ба иштирокдорон масъулони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе ва Ташкилоти ҷамъиятии «Замини хурд» бо рӯйнамоҳо, овезаю варақаҳои аёнӣ, бозиҳои гурӯҳӣ, намоиши филмҳо ва дигар машғулитҳои шавқовар дарсҳои омӯзишӣ гузаштанд.

Пас аз ҳар як машғулияти гузаронидашуда саволу ҷавоб ва оид ба роҳҳои ҳалли масъалаҳо ва паёмадҳои экологӣ мубоҳисаҳо сурат гирифтанд. Ҳамзамон, намоишгоҳ ташкил гардида, дар он таҷҳизоти маҳсули энергияи офтобӣ ба маъраз гузошта шуд.

Пас аз анҷоми машғулиятҳои омӯзишӣ дар вазъияти тантанавӣ ба эко-волонтёрон, фаъолон ва донишҷӯён сертификатҳо тақдим карда шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram