РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Душанбе миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Фаластин машваратҳои сиёсӣ доир гардид

29 августи соли 2023 дар шаҳри Душанбе мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Давлати Фаластин Риёз Ал-Моликӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар музокирот масъалаҳои ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Пас аз мулоқоти дуҷониба бо роҳбарии вазирони корҳои хориҷии ду кишвар даври сеюми машваратҳои сиёсӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Давлати Фаластин доир шуд.

Зимни машваратҳо миёни ҷонибҳо оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорат, сармоягузорӣ, сайёҳӣ, ҳуқуқӣ, фарҳанг, илму маориф ва тандурустӣ, инчунин ҳамкориҳои ду кишвар дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.

Дар фарҷоми машваратҳои сиёсӣ баимзорасонии санадҳои зерин баргузор шуд:

— Протоколи машваратҳои сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирони Давлати Фаластин;

— Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Фаластин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва тадқиқоти илмӣ;

— Созишнома байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Давлати Фаластин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram