РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони муқими Россия вохӯрӣ кард

28 августи соли 2023 дар бинои Сафорат мулоқоти Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Москва қарор дорад, бо роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони муқими Россия, намояндагону фаъолони ҷамъиятҳо ва чеҳраҳои маъруфи аҳли зиё аз ҳисоби ҳамватанони муқими кишвари иқомат баргузор гардид. Дар мулоқоти мазкур ҳамзамон кормандони Сафорат, Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, инчунин намояндагони намояндагиҳои вазорату идораҳои Тоҷикистон дар Федератсияи Россия иштирок намуданд. Дар ин бора аз ВКД хабар доданд.

Дар рафти мулоқот доир ба масоили марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ, ба вежа, корҳои фаҳмондадиҳию иттилоотӣ, риояи талаботи қонунгузории Федератсияи Россия, тартиби ҳуҷчатгузорӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ табодули афкор сурат гирифт.

Аз намояндагони ташкилоту ҷамъиятҳо ҷиҳати тақвият додани равобит ва ҳамкориҳо бо ҳамватанон, инчунин тарбияи ҷавонон дар руҳияи ваҳдати миллӣ ва меҳанпарастӣ ба мақсади пешгирӣ аз амалҳои номатлуб даъват ба амал оварда шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram