РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар даври сеюми озмуни ““Тоҷикон”- оинаи таърихи миллат” 1605 нафар иштирок мекунад

29 августи соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илм ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати маориф ва илм хабар доданд.

Сараввал Матлубахон Сатториён ҳозиринро бо ҷадвали баргузорӣ, ҳайати комиссияи назоратӣ, ҳакамон ва масъулони даври сеюми озмун шинос намуд.

Дар идома иттилоъ дода шуд, ки дар даври якуми озмун 140 787 нафар иштирок намуда, аз ин шумора 19 735 нафар дар даври дуюми озмун ширкат варзид. Аз теъдоди иштирокчиёни даври дуюми он 1605 нафар ба даври сеюм роҳ ёфт.

Инчунин, таъкид шуд, ки ба хотири таъмини пурраи шаффофият, пешгирӣ аз ҳолатҳои баҳогузории ғайримеъёрӣ ва қонеъ гардонидани дархости иштирокчиён зарур аст, ки рафти даври сеюми озмун пурра ба навор гирифта шавад.

Гуфта шуд, ки даври сеюми озмуни мазкур дар шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 12-ум то 22-юми сентябри соли равон баргузор мешавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram