РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Нақши Истиқлоли давлатӣ дар баланд бардоштани ҳувият ва худшиносии миллӣ

29-уми августи соли ҷорӣ дар Кумитаи иҷроияи ибдтидоии ҳизбии «Садо ва Симо»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хониши сиёсӣ зери унвони  «Нақши Истиқлоли давлатӣ дар баланд бардоштани  ҳувият ва худшиносии миллӣ» бо иштироки  аъзои ҲХДТ аз ташкилотҳои  ибтидоии ҳизбии  «Садо», «Симо», «Баҳористон»,  «Илм ва табиат», «Шаҳнавоз» ва «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» баргузор гардид.

 Дар ин ҳамоиш Мирзошоҳрух Асрорзода собиқадори меҳнат, фарҳангшинос ва корманди АМИТ иштирок намуда, ба ҳозирин роҷеъ ба     ташкилёбии Тоҷикистони соҳибистиклол, сарфи назар аз мушкилиҳои давраи гузариш, ёдовар шуд. Мавсуф дар идома роҷеъ ба нақши Истиқлолияти давлатӣ дар баланд бардоштани худшиносии миллӣ сухан гуфта, ба ҳозирин аз авлавиятҳои тарѓиби сиёсати давлати соҳибистиқлол, садоқат ва пос доштани арзишҳои соҳибистиқлолӣ ёдовар шуд.

Дар идома Нуриддин Саид – Раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии «Садо ва Симо»- и ҲХДТ дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки ҳар давлату миллат ҳамон вақт ба пешрафтҳои назаррас ноил мегардад, ки эҳсоси баланди худшиносӣ дошта бошад. Зеро таҳкими ҳисси худшиносӣ ва дарки ватанпарастиву худогоҳии миллӣ дар саддаи нав боз ҳам дар он зарур аст, ки мо танҳо бо ҳамин дарку шинохт метавонем ватанамонро аз ҳар гуна хатарҳои идеологӣ эмин нигаҳ дорем.  Зеро тавре маълум аст, ки рўз то рўз таҳоҷуми идеологияҳои мухталиф ҷомеаи ҷаҳониро ноором гузошта таъсири манфии худро дар қишрҳои гуногуни башарият гузошта истодааст. Ин гуна ҷараён моро водор месозад, ки ба дарку маънии аслии мафҳумҳои худшиносии миллӣ худогоҳӣ, ватанпарстӣ, дўст доштани марзу буми худ, эҳтиром ва бузургдошти арзишҳои маънавию миллӣ бирасем ва чунин арзишҳоро ба хубӣ бишносем.

Дар идома бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ибдтидоии ҳизбии «Садо ва Симо»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 нафар корманди фаъоли Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар фазои тантанавӣ ба узвияти ҳизб қабул гардида, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ аз тарафи Мирзошоҳрух Асрорзода собиқадори меҳнат, фарҳангшинос ва корманди АМИТ ва Нуриддин Саид Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои тантанавӣ тақдим карда шуд.                             

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram