РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Осорхонаи миллӣ бахшида ба 32-солагии Истиқлоли давлатӣ толори “Мардумшиносӣ” ифтитоҳ шуд

30 август дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” бахшида ба 32 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон толори “Мардумшиносӣ”, ки инъикосгари паҳлуҳои гуногуни ҳаёти мардуми тоҷик мебошад, ифтитоҳ шуд. Дар ин бора аз осорхонаи мазкур хабар доданд

Дар ифтитоҳи толори нав раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ, муовини аввали Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Холматиён, муовини директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалолуддин Нурзода, намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноњияи И. Сомонӣ ва ВАО-и кишвар иштирок намуданд.

Директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳимзода Зафаршо дар суханронии худ зикр намуд, ки толори мазкур доимоамалкунанда буда, инъикосгари тарзи зисту зиндагонӣ, урфу одат ва маданияти моддию маънавии халқи тоҷик мебошад, ки дар муаррифии арзишҳои таъихиву фарҳангии миллати тоҷик нақши муассир хоҳад гузошт.

Ҳамзамон дигар баромадкунандагон қайд намуданд, ки осори мазкур ифодагари ҳунарҳои волои қадимаи занону мардони тоҷик буда, дар ҷалби қишрҳои гуногуни ҷомеа ва меҳмонону сайёҳони хориҷӣ нақши муассир мегузорад.

Дар ин толор зиёда аз 900 маводи марбут ба мардумшиносӣ ба маърази тамошо гузошта шудааст, ки таваҷҷӯҳи ҳар як шаҳрванди кишвар ва меҳмонону сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб менамоянд. Осори дар толор ба тамошо баровардашуда, марбут ба ҳунарҳои гулдӯзӣ, чакандӯзӣ, чӯбгарӣ, чармгарӣ, оҳангарӣ, заргарӣ, читгарӣ, зардӯзӣ ва ғайраҳо буда, аз таърихи куҳани ин ҳунарҳо ва маҳорати баланди ҳунармандон дарак медиҳанд.

Дар як гӯшаи толор ҷома, камзулча, тоқӣ, шамолдиҳак, пешбандак, чойхалта, куртаи чакан, миёнбанд, сӯзанӣ, шероза, оинахалта, чодар, болинпӯш, рӯймол, дастархон, кӯрпача, ҷӯроб, матоъҳои атласу беқасам ва читгарӣ ба тамошо бароварда шудаанд.

Зимнан дар гӯшаи дигар сандуқча, чархчӯб, чархдег, табақча, кафча, ғалтак, кафлез, элак, қолаб, панҷара, шона, сабад, обгир, асбоби риштабофӣ ва дигар навъи ашёҳои марбут ба ҳунари чӯбгарӣ гузошта шудаанд.

Ҳунари заргарӣ, ки яке аз ҳунарҳои қадимаи ниёгони тоҷикон мебошад, дар гӯшаи охирини толори мазкур гӯшвор, ангуштарин, дастпона, гарданбанд, камарбанд, қулфи гиребон, пешонабанд, туморгардан ва амсоли инҳо пешниҳоди тамошобинони осорхона гардонида шудааст.

Маврид ба зикр мебошад, ки дар Осорхонаи миллӣ осори марбут ба ҳунармандии тоҷикон низ ҷамъоварӣ ва дар сатҳи зарурӣ ҳифз карда мешавад. Ифтитоҳи толори “Мардумшиносӣ” имкон медиҳад, то ҳунарҳои мардумии тоҷикон боз ҳам бештар муаррифӣ карда шаванд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram