РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ бинои муассисаи таълимии Гимназияи хусусии ба номи «Марям Зиёева»-ро ифтитоҳ намуданд

31 август Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои муассисаи таълимии Гимназияи хусусии ба номи “Марям Зиёева”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Зимни шиносоӣ ба Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иттилоъ дода шуд, ки бинои таълимии Гимназия аз се ошёна иборат буда, барои 340 нафар хонанда пешбинӣ гардидааст.

Бинои таълимӣ дорои 19 синфхона, ҳуҷра барои машғулияти гурӯҳӣ, бунгоҳи тиббӣ, хонаи омӯзгорон, ҳуҷраи техникӣ, китобхона, толори фарҳангӣ, толори варзишӣ бо 50 ҷойи нишаст, ошхона барои 50 нафар ва толори маҷлисӣ бо 40 ҷойи нишаст мебошад.

Дар синфхонаҳои иловагӣ шароити мусоиди таҳсил фароҳам оварда шуда, бо таҷҳизоти зарурии таълим муҷаҳҳаз гардидаанд.

Бино дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Гардӣ” бунёд ёфта, корҳои лоиҳакашӣ аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Шаҳрофар” анҷом дода шудаанд.

Корҳои ободониву бунёдкорӣ дар атроф ва саҳни бинои иловагии таълимӣ низ бо сатҳу сифати хуб ба анҷом расида, дар атрофи он гулу буттаҳо ва дарахтони ороишӣ шинонида шудаанд.

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни суҳбат бо масъулин онҳоро вазифадор намуданд, ки пеш аз ҳама, дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, тарбияи наврасон дар руҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ ва таъмини шароити таълимӣ диққати бештар зоҳир намоянд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram
preload imagepreload image