РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Вохӯрии аъзои Муколамаи занони Осиёи Марказӣ доир мегардад

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 сентябри соли 2023 дар доираи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал Вохӯрии ҳузурии аъзои Муколамаи занони Осиёи Марказӣ дар мавзӯи “Ноил шудан ба баробарии гендерӣ дар заминаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ” доир мегардад.

Бо ташаббуси Маркази минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ (UNRCCA) вобаста ба татбиқи сиёсати гендерӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, таъмини иштироки фаъоли занону бонувон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва дастгирии ташаббусҳои ҳаётан муҳими онҳо моҳи декабри соли 2020 аз ҳисоби роҳбарзанони 5 давлати минтақаи Осиёи Марказӣ, минҷумла, дар асоси розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон-Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси розигии роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ Танзила Норбаева-Раиси Маҷлиси Сенатаи Олии Ҷумҳурии Узбекистон, Гульшат Маммедова-Раиси Маҷлиси милии Генгеши Туркманистон, Балаим Кесебаева-муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷамила Исаева-муовини Раиси Торага Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон платформаи Муколамаи занони Осиёи Марказӣ таъсис дода шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram