РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Вазирон дар суҳбати телефонӣ вобаста ба ду вохӯрии сатҳи баланд дар Душанбе табодули назар карданд

31 августи соли 2023 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бахтиёр Саидов сӯҳбати телефонӣ анҷом дод. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни суҳбат роҳбарони мақомоти корҳои хориҷӣ вазъият ва дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд. Ҷадвали сафарҳои дарпешистода дар сатҳи олӣ ва баланд, хусусан, омодагӣ ба мулоқоти вазирони корҳои хориҷӣ дар чаҳорчӯби Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ҳамчунин омодагӣ ба ҷаласаҳои сатҳи олӣ, ки 14 ва 15 сентябри соли ҷорӣ дар Душанбе баргузор мегарданд, баррасӣ карда шуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули назар карданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram