РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамкориро бо Донишгоҳи давлатии Томск тақвият медиҳад

Бо дастгирии ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Қобилҷон Хушвахтзода  устодони донишгоҳ дар Форуми байналмилалӣ «Оид ба сиёсати устувор, мустақилияти бисёрвекторӣ ва технологӣ дар шароити муосир», ки бахшида ба 145-солагии фаъолияти Донишгоҳи давлатии Томск дар шаҳри Томски Федератсияи Русия доир шуд, иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ин бора аз ДМТ хабар доданд.

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон омода аст, ки дар доираи шартномаи ҳамкорӣ фаъолияти худро дар ҳама гуна самтҳои таълим ва илм бо Донишгоҳи давлатии Томск рушд диҳад.

Зимни форум масъалаҳои табодули устодону магистрантон ва донишҷӯён, мактабҳои тобистона, гузаронидани таҷрибаомӯзиҳо, қабули хатмкунандагони зинаи бакалавр дар зинаи магистрӣ, омодакунии кормандони илмӣ, таҳқиқи маводи маҳаллӣ ва ғайра баррасӣ шуд.

Гуфта шуд, ки дар айни замон дар базаи Донишгоҳи давлатии Томск зиёда аз 11 нафар аспиранту магистрантон аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолияти илмиву таълимӣ мебаранд.

Ёдовар мешавем, ки Донишгоҳи давлатии Томск бо фармони император Александри II соли 1878 барои рушди иқтисодӣ ва фарҳангии қаламрави бузурги Русия аз Урал то Шарқи Дур таъсис ёфта, фаъолияти худро соли 1888 оғоз намудааст, ки имсол ба он 145 сол пур шуд.

Ҳоло донишгоҳ аз 21 институту факултет иборат буда, дар он 27 академик, 500 доктори илм, профессор, 1300 номзади илм фаъолият мебаранд. Дар донишгоҳ 250 ихтисос амал менамояд, ки дар онҳо 15 ҳазору  197 нафар донишҷӯ аз 67 давлати ҷаҳон (3525 нафар донишҷӯ) таҳсил доранд.

Имрӯз ин донишгоҳ аз рӯи рейтинги QS (дар ҷаҳон дар ҷойи 264 ва дар Русия дар ҷойи 4) дар қатори 300 донишгоҳи пешқадами ҷаҳон қарор дорад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram