РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Истаравшан маҳфили адабӣ-мусиқӣ баргузор шуд

4 сентябр дар Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан таҳти унвони «Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст» маҳфили адабӣ-мусиқӣ баргузор гардид, хабар доданд аз Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан.

Дар маҳфили адабӣ муовини Раиси шаҳри Истаравшан, вакили мардумӣ, ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи донои китоб аст», омӯзгорони гимназияи №5, намояндагони бахши фарҳанг ва китобхонаи шаҳрии Истаравшан иштирок намуданд.

Зимни маҳфили мазкур иброз гардид, ки китоб манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи ақл, махзани фарҳанги миллӣ, пояи тамаддуни ҷаҳони мутамаддин, хосса оинаи ҳаёт ва калиди дари ганҷи сухан аст. Бо ҳамин далел шоири бузурги форсу тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ китобро чун «фуpӯғи субҳи доноӣ» ба қалам додааст. Инсон метавонад ба воситаи китоб бо адабиёту фарҳанг, сиёсат, иқтисодиёти мамлакатҳои зиёде шинос гашта, оламро бо тайёраи андеша сайр намояд.

Имрӯз толибилмон бояд бисёр китоб хонанд, илму маърифат омӯзанд, то дар оянда инсони асил бошанд, зеро китоб чун ганҷи бебаҳо инсонро ба роҳи росту хиради воло раҳнамун месозад.

Китоб бузургтарин неруе аст, ки мардумро сарфи назар аз нажод, миллат, забон, ақидаву дину оин ба ҳам меорад, дар миёни халқҳо дӯстиву рафоқату робитаҳои корӣ эҷод менамояд. Китоб рисолати муттаҳидгардонии халқҳо, муаррифсозии мамлакатҳо ва эҷоди якдиливу ҳамбастагиро доро аст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram