РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мудири иҷроияи Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон Михаэл Ҳармсро ба ҳузур пазируфтанд

6 сентябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мудири иҷроияи Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон Михаэл Ҳармсро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсусан таъкид доштанд, ки муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳои мо дар заминаи принсипҳои эътимод, ҳамдигарфаҳмӣ ва робитаҳои барои тарафайн судманд асос ёфтаанд.

Ҷонибҳо ҳамкорӣ дар бахшҳои гидроэнергетика, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт ва сайёҳиро барои ҳарду ҷониб судманд арзёбӣ карданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram