РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сироҷиддин Муҳриддин бо дабири кулли СААД Имангали Тасмагамбетов мулоқот кард

5 сентябри соли 2023 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Имангали Тасмагамбетовро, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии мамлакат хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои мубрами рӯзномаи СААД-ро мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба қисмати муҳтавоии ҷаласаи муштараки Шурои вазирони корҳои хориҷӣ, Шурои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шуроҳои амният, инчунин иҷлоси Шурои амнияти дастаҷамъии СААД, ки нимаи дуюми моҳи ноябри соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Беларус ба нақша гирифта шудааст, табодули афкор анҷом доданд.

Вохӯрӣ дар фазои ҳусни тафоҳум доир гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram