5 сентябри соли 2023 вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён дар Машварати даҳуми вазирони адлияи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин бора аз Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар чорабинии мазкур вазирони адлияи Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Котиби генералии Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуданд.
Дар машварати вазирон мавзуъҳои навоварӣ дар фаъолияти вазоратҳои адлия, дурнамои ҳамкориҳо ва рушди соҳаҳои хизматрасониҳои давлатӣ ва экспертизаи судӣ байни вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай муҳокима гардиданд.
Пас аз ҷамъбасти машварат вазирони адлияи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай изҳороти муштаракро ба имзо расонданд.