РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Маҷлиси намояндагон ҷашни Истиқлоли давлатиро ботантана таҷлил карданд

Имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Роҳбари дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Абдуҷабор Сатторзода ҳозиринро ба муносибати фарорасии ҷашни бузурги миллӣ- Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самимона табрик намуд.

Таъкид шуд, ки дар натиҷаи талошу заҳмат ва ҷоннисориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқлолият ва озодӣ дар сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ба вуҷуд овард ва оғози марҳалаи сифатан нави таърихӣ гардид.

Дар давоми сиву ду сол ба шарофати роҳнамоӣ ва заҳмати софдилонаи Пешвои миллат Тоҷикистон дар роҳи таъмини рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат ба натиҷаҳои намоён ноил гардид.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва муносибатҳои пуртазоди сиёсӣ ҳамон миллате манфиатҳои худро ҳимоя намуда метавонад, ки Роҳбари оқилу доно ва Пешвои ватанпарвару дурнигар дошта бошад.

Мо, хушбахтона, чунин Сарвар ва Пешво дорем, ки тамоми ҳастиашонро ба ҳифзи истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи комилу пойдории сиёсӣ, сарҷамъии миллат, ваҳдати миллӣ ва пешрафту ободии Тоҷикистони азизу маҳбубамон бахшидаанд.

Ба ҷо овардани ин рисолати бузурги давлатдорӣ аз мо танҳо дар атрофи Сарвари давлат аз ҳарвақта дида зичтару устувортар сарҷамъ буданро тақозо менамояд.

Дар фарҷом Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олӣ Зариф Ализода дар маросими тантанавӣ ба як зумра кормандони дастгоҳи Маҷлиси намояндагон мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла «Медали хизмати шоиста» супорида, онҳоро аз номи Сарвари давлат табрик намуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram